Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таваҷҷӯҳи Бонки исломии рушд ба тарҳи Роғун


Раиси Бонки исломии рушд, Аҳмад Муҳаммад Алӣ, пас аз дидораш бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар Душанбе гуфт, Бонки исломии рушд ба сармоягузорӣ дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон рағбат дорад. Вай афзуд, барои бозрасии маҳалли сохтмони Роғун бонк коршиносони худро ба Тоҷикистон хоҳад фиристод. Раиси Бонки исломии рушд, ки барои ширкат дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ ба Душанбе омадааст, аз офатҳое, ки ахиран дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон рӯй додаанд ва бахусус обхезии Кӯлоб, изҳори таассуф кард ва гуфт, Бонки исломии рушд ба осебзадагон мадад хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG