Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҷашнвораи театрҳои касбии Тоҷикистон


Дар толори театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камол дар шаҳри Хуҷанд субҳи 17–уми май баъд аз чаҳор соли таваққуф фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ гуфт, дар ин фестивал 13 театри касбии кишвар бо беҳтарин намоишҳои худ иштирок мекунанд.

Рӯзи аввали фестивал дар саҳнаи театри Камоли Хуҷандӣ намоишҳои «Ориёӣ» - и театри драмаи академии ба номи Лоҳутӣ, соати 17 – и бегоҳ тақдими бинандагон мегардад. Рӯзҳои баъд намоишномаҳои «Аскарони қаторӣ» - и театри ҷавонон ва «Не покидай – Маро тарк макун» - и театри ба номи Маяковскийи пойтахт тақдим мешавад. Ба гуфтаи баргузоркунандаҳои ҷашнвораи театрӣ, ҳама намоишномаҳо дар толорҳои театрҳои Конибодом, Чкалов ва Спитамен низ тақдими дӯстдорони театр хоҳад гашт. Театри мазҳакии мусиқии ба номи Камол дар фестивал бо намоишномаи «Шикасти ташнагӣ», асари Молйер ва коргардон – Ислом Саломов ширкат хоҳад ҷуст.

Зимнан, ин гуна фестивали театрӣ дар саҳнаи театри Хуҷанд 20 соли қабл баргузор гашта буд. Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, қатъи баргузории фестивал – озмуни анъанавии театрҳои касбии Тоҷикистон – «Парасту» - ро дар 4 соли ахир бо сабабҳои молӣ номид ва пайғом дод, ки барои оянда аз сар гирифтани баргузории он тасмим гирифта шудааст. Вай ҳамчунин гуфт, соли гузашта барои театрҳои кишвар пурбор буд ва 43 намоишномаи нав таҳия ва таҳдими дӯстдорони ҳунари саҳнавӣ намуданд.

Намоиши «Рустам ва Суҳроб» - и театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмуди Воҳид дар ҷашнвораи байналмилалии театрии «Фаҷр» дар Ирон шоҳҷоиза ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», дар ҷашнвораи театрии Маскав ҷоизаи ба номи Чехов, театри давлатии драмаи академии ба номи Маяковский бо намоишномаи «Нидо»-и коргардон Барзуи Абдураззоқ дар ҷашнвораи байнулмилалии театрии Санкт – Петербург ҷоизаи ба номи Кирилл Лавровро ва ба даст овардаанд.

Ҷашнвораи театрҳои касбии Тоҷикистон дар толорҳои театрҳои вилояти Суғд: Хуҷанду Конибодом, Чкалову Спитамен аз душанбеи 17 – ум то ҷумъаи 21 – и май идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG