Пайвандҳои дастрасӣ

Русия атфолашро аз Тоҷикистон мебарорад


Хадамоти беҳдории Русия хостааст, бо сабаби сар задани бемории сирояткунандаи полиомелит дар Тоҷикистон ҳамаи кӯдакони русиягӣ аз ин кишвар бароварда шаванд. Раиси "Роспотребнадзор" ва сарпизишки беҳдории Русия, Геннадий Оиншенко ба хабарнигорон гуфтааст, дар давоми якуним моҳи оянда ҳамаи кӯдакони Русия аз Тоҷикистон бозгардонида хоҳанд шуд. Вай мегӯяд, то ҳол дар Тоҷикистон 359 мавриди полиомелит кашф шуда, аксари беморон кӯдакони то 6-солаанд. Зиёда аз 10 кӯдак фавтидааст. Тасмими мақомоти Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон гуфтааст, беморӣ хунсо карда шуд ва даври аввали эмкунии атфол ба поён расида, даври дувуми он шурӯъ шудааст ва ҷое барои нигаронӣ боқӣ намондааст. Русия аз бими интиқол ёфтани ангали беморӣ ҳамчунин воридоти хушкмева аз Тоҷикистонро низ манъ кардааст. Ҳафтаи гузашта як духтарча дар вилояти Амури Русия бо гумони сирояти полиомелит фавтидааст.
XS
SM
MD
LG