Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз хатҳои робитаи ширкати "Билайн" қатъ шуд


Дар Тоҷикистон занг задан аз телефонҳои шаҳрӣ ба телефонҳои дастии ширкати "Билайн" қатъ шудааст. Муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияҳо Бек Зуҳуров ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, "Билайн" ба таври ғайриқонунӣ дар марз бо Афғонистон мавҷгир гузоштааст, ки ба қабул ва фиристодани сигнал ба Афғонистон имкон дода, ба вазъи мухобирот дар Душанбе низ таъсир мерасонад. Зуҳуров гуфтааст, барои чунин қонуншиканӣ, вазорат хатти алоқаи "Билайн"-ро қатъ кардааст ва вақте ки ширкат иштибоҳи худро ислоҳ кунад, хат дубора боз хоҳад шуд. Муовини вазири нақлиёт ва коммункатсия инро ҳам таъкид кард, ки ба ширкати "Билайн" ҳушдор дода шудааст, то қарзи 160 ҳазордолларии худро аз "Тоҷиктелеком" бипардозад. Зуҳуров мегӯяд, аз тарафи ширкатҳои дигари телефони ҳам роҳ низ хилофкориҳои зиёд сар задаанд ва рейди вазорат бо тафтиши кори онҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG