Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократҳои Русия, пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба ҳайати Русия дохил кунанд.

Ин пешниҳоди Жириновский ҳангоми мусоҳибаи зиндааш бо як радиои маҳаллӣ дар Русия садо додааст. Дар зер пораҳое аз он мусоҳибаи Жириновский аз манобеъи русӣ оварда шудааст:

«Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун давлат оянда надоранд. Биёед, дар он ҷо минтақаи нуҳӯми федеролиро таъсис медиҳем. Дар Бишкек Рушайлоро раис таъин мекунем ва ин минтақа минтақаи осиёимарказии Федеросюни Русия мешавад. Бо ҳамин роҳ мушкилотро ҳал мекнуем – ҳам нерӯи корӣ, ҳам ҳамаи меваҳо, гӯшт дар мо хоҳад буд ва ҳам он ҷо ягон бемор боқӣ нахоҳад монд.»

«Аз Афғонистон маводи мухаддир меояд ва онҳо пеши роҳашро гирифта наметавонанд. Мо дар он ҷо марзбонони русро мегузорем ва марз бо Афғонистонро комилан мебандем. Ва аз мушкилии маводи мухаддир халос мешавем.»

«Ҳоло Тоҷикистон кишвари хориҷӣ аст ва мо наметавонем ба корҳояш дахолат намоем. Аз онҳо ба мо фақат зарар аст – маводи мухаддир, муҳоҷирон, маризон, қочоқ...Ба мо ин ҳама чӣ лозим? Ё ба мо ҳамроҳ шаванд, ё мо марзро мебандем.»

«Биёед, қатораи Душанбе-Маскавро боздорем, роҳҳои ҳавоиро бубандем. Содироти ҳама гуна маводи ғизоӣ аз Тоҷикистонро манъ кунем. Ҳама тамосҳоро барои 1-2 моҳ қатъ кунем. Вақте полиомелит тамом шуд, он гоҳ боз роҳҳоро боз мекунем».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG