Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки исломӣ ба Кӯлоб ёрӣ хоҳад дод


Бинои Бонки исломии рушд дар Ҷидда

Бинои Бонки исломии рушд дар Ҷидда

Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки исломии рушд, пас аз дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе гуфт, ниҳодаш омода аст, то ба манотиқи офатзадаи Тоҷикистон ёрӣ бирасонад.

Раиси Бонки исломии рушд, ки барои иштирок дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишвраҳои узви Созмони конфронси исломӣ ба Душанбе омадааст, гуфт, раисҷумҳур Раҳмон дар дидор бо ӯ аз вазъи офате, ки бар асари селбориш дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва бахусус даҳшате, ки ба сари мардуми шаҳри Кӯлоб расидааст, ёдовар шуд.

Дирӯз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёриҳои худро ба Кӯлоб расонида буданд.

Раиси Бонки исломии рушд гуфт, ин бонк як гурӯҳи бозрасӣ таъсис хоҳад дод, то ин ки ба зудтарин фурсат навъи кӯмакҳоро биёмӯзанд ва сипас ба мардум ёрӣ бидиҳанд.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки исломии рушд, ҳамчунин, барои бозрасии маҳалли сохтмони Роғун изҳори омодагӣ кард ва гуфт, коршиносони худро барои омузиши ин мавзӯъ ба Тоҷикистон хоҳад фиристод.

Ин мавзӯъ низ дар мулоқоти ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ фардо, дар иҷлоси 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ иштирок хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG