Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар як ҳамла дар Могадишо


Дар шаҳри Могадишо, пойтахти Сомалӣ, бар асари тирандозии мухолифини ҳукумат аз минометҳо сӯи бинои парлумон 11 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полис, тирҳо то бинои парлумон нарасиданд ва дар ин ҳодиса фақат афроди тасодуфӣ кушта шудаанд.
Нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Африқо ба мавқеъи мусаллаҳон дар бозори маҳаллӣ оташи ҷавобӣ кушоданд. Ба гуфтаи шоҳидон, як бахши бозор ба оташ кашида шуд.
Нишастии феълии парлумони Сомалӣ - нахустин аз моҳи декабри соли гузашта буд. Сомалӣ тақрибан 20 соли ахир аз нооромтарин кишварҳои Африқо боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG