Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "Гурӯҳи 15" дар Теҳрон ифтитоҳ мешавад


Имрӯз дар Теҳрон нишасти сарони “Гурӯҳи 15” – кишварҳои дар ҳоли рушд шурӯъ мешавад. Қарор аст дар ин нишаст дурнамои рушди иқтисодии манотиқи Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин баҳсу баррасӣ шавад. Раисиҷумҳури Бразил Луис Инасио Лула де Силва ва сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки барои музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон вориди Теҳрон шудаанд, дар ин саммит ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG