Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бритиш Петролеум" ба рафъи паёмадҳои фоҷиа шурӯъ кард


Ширкати нафтии “Бритиш Петролеум” изҳор намуд, ки ба кашидани нафти хоми бар асари садама ба обҳои Халиҷи Мексика рехта шурӯъ кардааст. Дар ин бора раиси иҷрояи “Бритиш Петролеум” Кент Велс дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод ва гуфт, ки мутахаассисон барои ба чоҳи тахрибшудаи ихроҷи нафт андохтани лӯлаи борик ширкат аз роботҳо истифода бурданд. Тамоми корҳо дар жарфои халиҷ сурат гирифтанд. “Бритиш Петролеум” талош дорад, ки резиши нафти хом аз чоҳи тахрибшударо ҳарчй зудтар қатъ кунад.
Барак Обама, раисичумҳури Амрико, зимни боздидаш аз аёлати Луизиана дар аввалҳои моҳи май гуфта буд, ки резиши нафт дар Халиҷи Мексика метавонад ба як фалокати муҳитизистии “бесобиқа” дар Амрико табдил шавад. Ӯ дар ин ходиса ширкати “Бритиш Петролеум”-ро айбдор кард. Рузи шанбе Кохи Сафед аз ин ширкат нафтӣ хост то масъулиаташ барои ҷуброни хисороти резиши нафт дар халиҷи Мексикаро тасдиқ кунад.
XS
SM
MD
LG