Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони созиш дар поёни музокирот дар Теҳрон


Туркия ва Бразил дар бораи имкони ҳосили созише бо Эрон хабар доданд, ки метавонад низоъ атрофи барномаи ҳастаии Эронро аз байн бубарад. Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу изҳор намуд, ки музокирот дар Теҳрон бо ширкати раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Бразил Луис Инасио Лула де Силва ва савазири Туркия Раҷаб Тайид Эрдуғон 18 соат идома кард. Ба гуфтаи Довудоғлу, агар созиш ҳосил шавад, пас урани хоми Эрон аз ин баъд барои ғанисозӣ ба Туркия интиқол хоҳад ёфт. Қарор аст, ки ҷузъиёти созиш имрӯз нашр шавад.
Туркия ва Бразил, ду узви Шӯрои амнияти СММ, мухолифи ҷорӣ кардани таҳримҳои сангинтар алайҳи Теҳронанд. Бархе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, ИМА, талош доранд, ки дар баробари Эрон барои сарпечияш аз ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва қатъи ғанисозии ураниум таҳримҳои шадидтар эълон шавад. Ин кишварҳо Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба хотири ширкат дар музокирот дар Теҳрон, сафари худ ба Озарбойҷонро мавқуф гузошт.
XS
SM
MD
LG