Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон ба ҷои Боку ба Теҳрон сафар кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, ба хотири ширкат дар музокирот дар Теҳрон, сафари худ ба Озарбойҷонро мавқуф гузошт. Ба иттилоъи расмӣ, Эрдуғон бояд рӯзи душанбе озими Боку мешуд ва аммо ахиран ӯро барои ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Бразил Луис Инасио Лула де Силва баррасӣ кардани барномаи ҳастаии Эрон даъват намуданд.
Туркия ва Бразил, ду узви Шӯрои амнияти СММ, мухолифи ҷорӣ кардани таҳримҳои сангинтар алайҳи Теҳронанд. Бархе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, ИМА, талош доранд, ки дар баробари Эрон барои сарпечияш аз ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва қатъи ғанисозии ураниум таҳримҳои шадидтар эълон шавад. Ин кишварҳо Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд.
XS
SM
MD
LG