Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси вакили собиқ ва ҳукми ду ҳомии ҳуқуқ дар Эрон


Эрон фаъоли ҳуқуқи занон Шодии Садрро, ки барандаи чандин ҷоизаи байнулмилалист, дар ғиёбаш ба 6 соли зиндон ва 74 зарбаи шаллоқ маҳкум кард. Додгоҳи инқилоб ӯро дар фаъолиятҳои зидди амнияти миллӣ айбдор донист. Бо айни чунин иттиҳом фаъоли дигари ҳуқуқи башар, Маҳбуба Аббосқулизода ба дуним соли зиндон ва 30 зарбаи шаллоқ маҳкум шуд. Ҳамчунин тибқи хабарҳо, имрӯз дар Теҳрон Мӯҳсин Армин, собиқ узви порлумони Эрон ва аз тарафдорони раҳбари оппозисюн Мирҳусейни Мусавӣ ба ҳабс гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG