Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сурхпӯши дигари Таиланд кушта шудаанд


Ҳарбиёни Таиланд, бино бар хабарҳо боз ду мӯътаризи сурхпӯшро ба қатл расондаанд. Даргирии ду тараф дар рӯзҳои гузашта 25 кушта ба ҷой гузошта буд. Сурхпӯшон истеъфои сарвазирро талаб мекунанд. Ду шабонарӯзи охир даргириҳо ба маркази Бангкок, пойтахти Таиланд, макони таҷаммӯи сурхпӯшон кӯчидаанд. Мақомоти Таиланд ҳамчунин талош доранд, дастрасии кормандони Салиби Сурхро ба маҳалли таҳти назорати сурхпӯшон таъмин кунанд ва аз он ҷо кӯдакону занонро, ки дар миёни оташи дутараф мондаанд, берун оваранд.
XS
SM
MD
LG