Пайвандҳои дастрасӣ

"Истиқлол" ҷойи "Вахш"-ро танг кард


«Регар» ТадАЗ 4:1 «Парвоз» «Хайр» 0:2 «Истиқлол»

Рӯзи шанбе, 15-уми май, ду бозии даври ҳафтуми Лигаи Олии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Турсунзода се ҳазор мухлиси «Регар» ТадАЗ шоҳиди пирӯзии осони дастаашон дар варзишгоҳи «Металлург» бар «Парвоз» гардиданд. Аммо оғози бозӣ аз чунин пирӯзии осон дарак намедод. Тавре, торнамои расмии дастаи шаҳри Турсунзода менависад, аллакай дар дақиқаи 6-ум дарвозабони мизбонҳо Алишер Додов бо азобе зарбаи муҳоҷими рақибро баргардонид. Наздиктар ба нимаи қисми аввал бошад, чашмҳои тарсону ҳаросони мухлисони хомӯши «Металлург» шоҳиди шоҳигарии бозигарони меҳмон дар ҷаримагоҳи «Регар» ТадАЗ буданд.

Вале мизбонон низ гоҳ-гоҳе ба пеш мерафтанд. Дар дақиқаи 15-ум фарангии брозилии «Регар» ТадАЗ аз нофаҳмиҳои дарвозабону ҳимоятгари рақиб истифода карда натавонист. Баъдан, боз ду лаҳзаи дигарро Оливейра аз даст дод. Замоне, ки ба назар мерасид, қисмати гол дар қисми дуввум ҳал хоҳад шуд, капитан Хуршед Маҳмудов фикрҳоро тағйир дод. Як бар сифр.

Дар танаффус Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ, ба бозигаронаш чиҳое гуфт, ки бо сар шудани қисми дуввум онҳо ба сӯи дарвозаи «Парвоз» парвоз карданд. Дар дақиқаи 51-ум Иброҳим Рабимов аз нимаи майдони худ ба Ҷамшед Исмоилов тӯбро ҳаво медиҳад ва Ҷамшед рақибони худро фиреб дода, тӯбро ба ҷаримагоҳ партоб мекунад, пойи Оливейра бошад дар ҳамон ҷо интизор буд. Ду бар сифр.

Дақиқаи 85-ум. Ҷомихон Муҳиддинов, ки ба тозагӣ ба таъвиз баромада буд, дар миёни анбӯҳи ҳимоятгарони рақиб истода, аз ду метр ба дарвоза бемамониат зарба мезанад. Се бар сифр. Се дақиқаи дигар мегузарад ва Оливейра голи зебои дигаре мезанад. Чаҳор бар сифр.

Дар дақиқаи саввуми иловагӣ Фаррух Чориев бозигари рақибро дар ҷаримагоҳи худ меафтонад, корти зард мегирад ва Сӯҳроб Эгамбердиевро як гол аз пеналтӣ зада, ҳисобро 4:1 мекунад. Ин дуввумин голе буд, ки дар 7 бозии Лигаи Олӣ ба дарвозаи «Регар» ТадАЗ даромад.

Дар бозии дигари давр «Истиқлол»-и Душанбе дар ноҳияи Ваҳдат мибони бозии худ – «Хайр»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Умед Ҳабибуллоев ва капитани «Истиқлол» Юсуф Рабиев заданд.

Дастаи душанбегиҳо пас аз ин бозӣ соҳиби 14 хол гардид ва дар ҷадвали сабқат «Вахш»-ро паси сар гузошта, ба ҷойи дуввум баромад.

Бозии дигари даври ҳафтум миёни «Равшан» ва ССКА «Помир» ба сабаби офати табиӣ дар Кӯлоб баргузор нагардид. Ҳамакнун, дастаи аввали ҷадвал - "Регар" ТадАЗ бештар аз ҳама (7 бозӣ) доир кардааст ва дастаи охири ҷадвал - "Равшан" камтар аз ҳама -5 бор ба майдон баромадааст.

Ҷой

Дастаҳо

Б

П

М

Ш

Т/T

Х

1.

«Регар»ТадАЗ

7

6

1

0

25-2

19

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

6

4

2

0

13-4

14

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

4

1

1

7-3

13

4.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

6

2

1

3

8-11

7

5.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

1

3

2

7-11

6

6.

«Хайр» (Ваҳдат)

6

1

2

3

7-9

5

7.

«Энергетик» (Душанбе)

6

1

2

3

6-9

5

8.

ССКА«Помир» (Душанбе)

6

0

3

3

2-12

3

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

5

0

1

4

1-15

1

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG