Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Беларус паради ҳамҷинсбозонро пароканда кард


Полиси Беларус паради ҳамҷинсбозонро дар маркази Минск бо истифода аз зӯр пароканда ва чанде аз ширкаткунандагони онро боздошт кард. Бархе аз ширкаткунандагон мавриди латукӯби полис қарор гирифтанд. Ташкили ин намоишро мақомот манъ карда буданд. Тазоҳуркунандагон мегӯянд, ҳадафи онҳо аз баргузории намоиш ҷалби диққати ҷомеа ба нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Беларус буд. Паради гузаштаи ҳамҷинсбозон дар Минск ҳамин гуна бо хушунат пароканда гашта буд. Созмони Авфи Байнулмилал дар изҳороте имрӯз аз чунин бархӯрди мақомоти Беларус интиқод кард.
XS
SM
MD
LG