Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президенти Бразилия ба Эрон барои миёнаравӣ


Раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва барои дидору гуфтушунид бо сарони Эрон вориди Теҳрон шуд. Қарор аст, вай бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмаднажод низ мулоқот кунад. Раҳбари бразилӣ талош хоҳад кард, ки Эрон созиши табодули сӯхти ҳастаиро, ки ба ҳалли баҳс бо қудратҳои ғарбӣ муосидат мекунад, бипазирад. Рӯзи шанбе намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, шароити пешниҳодии Бразилия қобили қабул аст. Аммо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев гуфтааст, Лула дар беҳтарин ҳолат 30 дарсад имконият дорад, ки бо мақомоти эронӣ ба созиш расад.
XS
SM
MD
LG