Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ҳокимони минтақаро ҳушдор медиҳад


Имрӯз, 16-уми май намояндагони созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, ба Бишкек хоҳанд рафт ва бо Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, мулоқот хоҳанд кард.

Ин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳамоиши намояндагони порлумонии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Алмати, ки марбут ба вазъи Қирғизистон буд, иштирок доштанд.

«Аз ҷанг ҷилавгирӣ кунед»

Интизор мерафт, ки дар он Абдуғанӣ Эркебоев, намояндаи ҳукумати муваққатии Қирғизистон ширкат ва суханронӣ мекард. Вале, тавре дар оғози ҷаласа гуфтанд, чун рӯзҳои ахир вазъ дар ҷануби он кишвар нооором аст, намояндагони Қирғизистон ба иҷлос ҳозир нашуданд ва Жениш Рустамбеков, сафири Қирғизистон дар Қазоқистон дар ин мавзӯъ суханронӣ кард. Ӯ гуфт, кишвараш дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ва ҳассос қарор дорад, зеро 27-уми июн бояд дар кишвар раъйпурсӣ дар мавриди сохти давлатдорӣ ва ба дунболи он 10-уми октябр интихоботи порлумонӣ баргузор гардад. Сафири Қирғизистон аз ҷомеаи байналмилалӣ дархост кард, ки барои кишвараш кӯмак намоянд.

Ҷонибек Қарибҷонов, сафири вижаи раиси кунунии САҲА дар масоили Қирғизистон, низ зарурати ёрии ҷомеаи байналмилалиро ба Қирғизистон ба миён гузошт, то аз хунрезиҳои минбаъда, бавижа аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки яке аз вазоифи калидии ҳукумати муваққатӣ роҳандозии тадобири сиёсӣ ҷиҳати таъйид кардани қонунияташ аст.

Сарнавишти «Демократияи кучагӣ»

Ҳамчунин, атрофи омилҳои дар муддати 5 сол ду бор ба чунин вазъ дучор гардидани ҳукумат дар Қирғизистон баҳс сурат гирифт. Ағлаби сухангӯён, аз ҷумла, Пиа Кристмас Мёллер, ноиби раиси Маҷмӯъи порлумонии САҲА, таъкид карданд, ки ҳарчанд Қурмонбек Боқиев бо шиорҳои мубориза алайҳи фасод ва тақвияти равандҳои демократӣ сари қудрат омада буд, вале худ бештар аз Аскар Оқоев ин иштибоҳҳоро такрор кард ва дар натиҷа ӯ низ бо шиори мубориза алайҳи фасод аз ҷониби мухолифонаш аз қудрат дур карда шуд. Чунин равандро дар ҷаласа демократияи кӯчагӣ унвон карданд ва омили асосии сар задани чунин демократияро ба фасод олуда гардидани мақомот ва дур гардидан аз равандҳои демократӣ арзёбӣ карданд.

Хонум Пиа Кристмас Мёллер гуфт, Боқиев ба ҷои ин ки дар ғами мардуми кишвараш бошад, асосан, дар андешаи худаш буд, ва сарнавишташ чунин шуд. Ин, ба таъкиди муовини раиси Маҷмӯъи порлумонии САҲА, барои ҳама сарварони минтақа сабақи бузурге бояд гардад.
XS
SM
MD
LG