Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Веҷаҷива ба хатми хушунат бо хунрезии камтар


Сарвазири Таиланд Абҳисит Веҷаҷива гуфт, ӯ талош мекунад, то хушунатҳо дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Бангкокро бо ҳадди ақали хунрезӣ поён диҳад. Ин изҳороти сарвазир тавассути телевизон баъди он садо дод, ки артиши Таиланд як бахши маркази Бангкокро “минтақаи зери оташ” эълон кард ва задухӯрдҳо бо тазоҳургарони мухолифи давлат, ки дар ин минтақа ба сохтани баррикадаҳо шурӯъ кардаанд, рӯзи шанбе низ идома кардаанд. Хадамоти изтирории Таиланд мегӯянд, дар хушунатҳои рӯзи шанбе дар Бангкок дастикам 6 нафар кушта ва беш аз 30 тани дигар захмӣ шуданд. Тазоҳургарони мулаққаб ба “куртасурхҳо”, ки аз сарвазири собиқ Таксин Шинаватра пуштибонӣ мекунанд, ба эътирозҳои худ дар Бангкок аз 12 март ба ин сӯ идома медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ҳукумати эътилофии Веҷаҷива ғайриқонунӣ ба қудрат расидааст ва бояд дар Таиланд интихоботи ҷадид доир шавад.
XS
SM
MD
LG