Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клотилд Рейссро 285 000 доллар ҷарима бастаанд


Вакили мудофеъи як устоди фаронсавӣ, ки дар Эрон дар пайи интихоботи пурбаҳси моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуд, гуфтааст, ки Клотилд Рейсс рӯзи якшанбе бо пардохти ҷарима ба маблағи муодили 285 000 доллар аз масъулият маоф хоҳад шуд. Муҳаммадалӣ Маҳдавии Собит ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки ин маблағро алакай пардохт кардаанд. Хонум Рейсс дар ивази пардохти гаравпулӣ аз маҳбас раҳо ёфта, дар интизори судури ҳукми худ дар сафоратхонаи Фаронса дар Теҳрон ба сар мебарад. Қазияи Рейсс мояи танишҳо байни Фаронсаву Эрон шуд.
XS
SM
MD
LG