Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳо ба Рӯзи миллии дав дар Тоҷикистон


Соати 8 субҳи якшанбеи 16 май дар Тоҷикистон Рӯзи миллии дав оғоз мешавад. Дар дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ба хабаргузории русии “Регнум” гуфтаанд, ки имсол сабқатҳои дав ба масофаҳои 3,5 ва 10 километр дар марокизи куллия вилоёту навоҳии кишвар баргузор хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи масъулин, соли гузашта дар сабқатҳои Рӯзи миллии дав то 200 000 нафар ширкат варзидаанд.
Рӯзи миллии дав дар Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ доир мешавад ва дар яке аз ин рӯзҳои дав раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат карда буд.
XS
SM
MD
LG