Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Авзоъ дар Қирғизистон зоҳиран ором шудааст


Рӯзи шанбе авзоъ дар шаҳрҳои Қирғизистон дар пайи зери назорати тарафдорони ҳукумати муваққат омадани биноҳои аз сӯи тарафдорони раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев тасарруфшуда ором ба назар мерасид. Дар задухӯрдҳои рӯзи ҷумъа дар Ӯшу Ҷалолобод ва Бодканд, бино ба хабарҳо, 2 нафар кушта ва 61 тан захмӣ шудаанд. Дар пайи ин хушунатҳо СММ, ИА, Амрико ва Русия ҳамаро дар Қирғизистон ба оромӣ даъват карданд. Бино ба хабарҳо, дар Бишкек Ҳусейн Сиддиқов, раҳбари собиқи дастгоҳи Боқиев ва Исҳоқ Масалиев, раиси ҳизби коммунисти Қирғизистонро бо гумони даст доштан дар ташкили ошӯбҳо дар ҷануби кишвар боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG