Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ошӯбҳои ахири Қирғизистон 2 нафар кушта шуданд


Вазорати беҳдошти Қирғизистон гуфт, дар задухӯрдҳои рӯзи ҷумъа дар ҷануби Қирғизистон байни тарафдорони ҳукумати муваққат ва раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев 2 нафар кушта ва 61 тан ҷароҳат бардоштаанд. Дар пайи ин хушунатҳо СММ, ИА, Амрико ва Русия ҳамаро дар Қирғизистон ба оромӣ даъват карданд. Маъмурияти муваққати Қирғизистон мегӯяд, биноҳои ҳукумат дар 3 шаҳри Ҷалолободу Ӯш ва Бодкандро аз ҷонибдорони Боқиев пас гирифта, вазъро дубора зери назорати худ даст овардааст. Бино ба хабарҳо, дар Бишкек Ҳусейн Сиддиқов, раҳбари собиқи дастгоҳи Боқиев ва Исҳоқ Масолеҳов, раиси ҳизби коммунисти Қирғизистонро бо гумони ташкили ошӯбҳо дар ҷануби кишвар боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG