Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ба дунболи Амрико ба Бритониё омад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар пайи сафари чоррӯзааш ба Амрико вориди Лондон шуд. Дафтари Карзай гуфт, ки ӯ бо сарвазири ҷадиди Бритониё Девид Камерон мулоқот карда, Камеронро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик хоҳад гуфт.
Тақвият ва тавсиаи равобити дуҷониба як мавзӯъи аслии мулоқоти Карзай ва Камерон ном бурда мешавад.
Бритониё феълан дар Афғонистон ҳудуди 9000 сарбоз дорад, ки ҳамроҳ бо нирӯҳои Амрикову НАТО алайҳи чирикиёни толиб меҷанганд.
XS
SM
MD
LG