Пайвандҳои дастрасӣ

Даъватҳои байналмилалӣ ба оромӣ дар Қирғизистон


СММ, ИА, Амрико ва Русия дар пайи задухӯрдҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон байни тарафдорони ҳукумати муваққат ва ҳомиёни раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев, ки як кушта ва дастикам 60 захмӣ ба ҷо гузошт, ҳамаро ба оромӣ даъват кардаанд. Ин даъват дар ҳоле баланд мешавад, ки мақомоти ҳукумати муваққат мегӯянд, ба дунболи биноҳои ҳукумат дар дастикам 3 шаҳри Ҷалолободу Ӯш ва Бодкандро тасарруф кардани ҷонибдорони Боқиев назорати вазъро зери дасти худ овардаанд. Раҳбари ҳукумати муваққат Роза Отунбоева гуфт, масъулони хушунатҳои ахир муҷозот хоҳанд шуд. Бино ба хабарҳо, мақомот дар Бишкек Ҳусейн Сиддиқов, раҳбари собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Боқиев ва Исҳоқ Масолеҳов, раиси ҳизби коммунисти Қирғизистонро бо гумони ташкили ошӯбҳо дар ҷануби кишвар боздошт кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG