Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 28 эътирозгар дар Междуреченски Русия


Мақомоти Русия дар шаҳри Междуреченски вилояти Кемерово 28 эътирозгарро боздошт кардаанд. Эътирозҳо дар ин минтақаи саршор аз конҳои ангишти Сибир дар пайи ҳалокати дастикам 68 ангишткан дар таркишҳои як ҳафтаи пеш буруз кард.
Раҳбари пулиси минтақа Александр Елин гуфт, дар ҷараёни задухӯрдҳои шоми ҷумъа миёни эътирозгарон ва пулис дар Междуреченск беш аз 20 нафар, аксар кормандони милиса, ҷароҳат бардоштанд. Елин масдуд кардани шоҳроҳ аз сӯи эътирозгаронро ғайриқонунӣ номид. Таркиши гази метан дар кони Распадская, бузургтарини кони ангишти Русия, дар таърихи 8 май дастикам 68 кушта ба ҷо гузошт ва 24 ангишткани дигар то ҳол беномунишон боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG