Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ мехоҳад тавлиди нафташро бамаротиб биафзояд


Ироқ мегӯяд, тавлиди нафташро тайи соли ҷориву соли оянда аз мизони феълии 600 000 бушка дар рӯз ба маротиб болотар хоҳад бурд. Муовини вазири нафти Ироқ Абдулкарим Лоибӣ гуфтааст, ҳаҷми тавлидот дар маҷмӯъ ба 3,2 миллион бушка нафти хом дар рӯз хоҳад расид. Ироқ, ки феълан соҳиби захоири аз лиҳози бузургӣ севвуми дунёст, соли гузашта бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ 10 қарордод имзо кард, ки ба 12 миллион бушка дар рӯз расондани тавлидоти нафти ин кишвар то соли 2017-умро дар назар доранд.
XS
SM
MD
LG