Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клотилд Рейссро сафед мекунанд?


Вакили мудофеъи як устоди фаронсавӣ, ки дар Эрон дар пайи интихоботи пурбаҳси моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуд, гуфтааст, ки Клотилд Рейссро рӯзи якшанбе бегуноҳ хоҳанд баровард. Муҳаммадалӣ Маҳдавии Собит ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки “парвандаи Рейсс такмил шудааст.” Хонум Рейсс, ки дар ивази пардохти гаравпулӣ аз маҳбас раҳо ёфта, феълан дар сафоратхонаи Фаронса дар Теҳрон дар интизори судури ҳукмаш ба сар мебарад, ба даст доштан дар нақшаи Ғарб ҷиҳати эҷоди бесуботӣ дар Эрон дар пайи интихоботи як соли пеши раёсати ин ҷумҳурӣ,и ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, айбдор мешавад. Қазияи ӯ мояи танишҳо байни Фаронсаву Эрон шуд.
XS
SM
MD
LG