Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шакки Амрикову Русия ба посухи ҷиддии Эрон


Маскаву Вошингтон имкони аз эъмоли таҳримоти нави СММ раҳо шудани Эронро зери шубҳа мегузоранд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, ҳамтои бразилиягии ӯ Лула да Силва зимни сафари рӯзи якшанбеаш ба Теҳрон ”30 фоиз” шонс дорад, ки Эронро ба қабули пешниҳоди дар хориҷ анҷом додани ғанисозии ураниумаш мутақоид созад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Вошингтон шакк дорад, ки Теҳрон битавонад ба нигарониҳои мавҷуда дар бораи фаъолиятҳои ҳастаияш то замони тасвиби даври нави таҳримоти СММ алайҳи Эрон “посухи ҷиддӣ”-е ироа кунад.
XS
SM
MD
LG