Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти таърихии Юнону Туркия дар Афина


Юнону Туркия, ки тайи 50 соли охир чандин дафъа бо хатари ҷанг рӯбарӯ буданд, ҷиҳати рафъи танишҳо тавофуқ кардаанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳамроҳ бо 10 вазир ва ҳудуди 80 соҳибкор аз Афина боздид кард. Ҳарду ҷониб ин сафарро оғози марҳалаи наве дар равобити Туркияву Юнон ба қалам медиҳанд.
Тайи ин сафари таърихӣ ду ҷониб ба 21 қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд, ки соҳоти саёҳату энержӣ, муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки тавассути Туркия ворид шуда, як дарди сари Юнон шудаанд, дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG