Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи хушунатҳо дар пойтахти Таиланд


Хушунатҳо дар Бангкок, пойтахти Таиланд идома дорад. Пулис рӯзи шанбе низ алайҳи тазоҳургарон оташ кушод. Хабари хушунатҳои нав аз Бангкок дар ҳолест, ки бар асари задухӯрдҳои рӯзи панҷшанбе дар Таиланд миёни нирӯҳои давлат ва тазоҳургарон 16 тан кушта шуд. Задухӯрдҳо дар Бангкок 2 рӯз пеш бо сахт захмӣ шудани фармондеҳи амалии артиши Таиланд аз тири эътирозгарон оғоз ёфт. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун хостори хатми ҷангҳои хиёбонӣ дар Таиланд шудааст.
XS
SM
MD
LG