Пайвандҳои дастрасӣ

Фурӯши саҳмияҳои Роғун ба 817 миллион сомонӣ расид


Бино ба иттилоъи вазорати молияи Тоҷикистон, то 10 май саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун ба маблағи 817 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 186 миллион доллар, ба фурӯш рафтаанд. Талошҳои тӯлонии давлати Тоҷикистон барои пайдо кардани сармояи хориҷӣ ҷиҳати эҳдоси ин нирӯгоҳ натиҷа надод ва Душанбе эълон кард, ки ин сохтмони барояш ҳаётан муҳимро мустақилона шурӯъ мекунад. Ба ин манзур, аз 6 январ саҳмияҳои Роғун ба маблағи умумии 6 миллиард сомониро ба фурӯш баровард. Вале агар тайи моҳи январ аз фурӯши саҳмияҳо 700 миллион сомонӣ ба даст омада бошад, баъдан суръати фурӯши ин саҳмияҳо бамаротиб кунд шуд.
XS
SM
MD
LG