Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба худкушӣ расондан ҳам муҷозот дорад


Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, ки алайҳи як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани қарздораш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи ин мақомот, Рустам Мараҷабов, сокини 22-солаи ҷамоати Унҷӣ, ахиран худро дар як шафтолубоғ овехтааст. Ӯ, ки фурӯшандаи як мағозаи маводи сохтмонӣ буд, дар моҳи январ аз омӯзгори ҳамдеҳааш Рустам Қосимов 8 000 доллар қарз мегирад. Талаби пас додани ин қарз ахиран боиси ҷанҷол миёни Мараҷабов ва Қосимов шуд ва баъди ин латукӯб Рустам Мараҷабов даст ба ҷони худ мезанад.
XS
SM
MD
LG