Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов бизнеси духтарашро баст


Ҳукумати Узбакистон ширкати бузурги “Зеромакс”-ро, ки марбут ба Гулнора Каримова духтари раисиҷумҳур, Ислом Каримов дониста мешавад, бастааст. Ҳамчунин раводиди боздошти Ғулом Имомназаров, муовини раиси ин ширкат низ содир шудааст.

Бино ба хабарҳо, ҳукумати Узбакистон рӯзи душанбеи ин ҳафта ширкати бузурги “Зеромакс”-ро баста ва ҳама суратҳисобҳояшро мунҷамид кардааст. Мақомоти Тошканд дастури боздошти Ғулом Имомназаров, муовини раиси ин бузургтарин ширкати хусусии Узбакистонро низ содир кардаанд.

“Зеромакс”, ки қароргоҳи асосиаш дар Швейтсария аст, ба Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов марбут дониста мешуд ва назорати соҳоти пурдаромаде, чун газу истихроҷи маодин ва сохтмонро дар Узбакистон дар даст дошт.

Намояндагони “Зеромакс” дар шарҳи сабаби қаҳри давлати Узбакистон аз ин ширкат оҷизӣ мекашанд. Вале мегӯянд, мақомот ширкатро аз риштаи газ комилан берун андохта, чанд тарҳи сохтмониаш, аз ҷумла бунёди қароргоҳи Гулнора Каримова ва ҳам варзишгоҳи ҷадид барои тими футболи “Бунёдкор”-ро, ки низ ба “Зеромакс” тааллуқ мегирифт, низ мунҷамид кардаанд.

Ин иқдоми ҳукумати Узбакистон дар ҳоле сурат мегирад, ки сарнагун шудани Қурмонбек Боқиев ба далели хешутаборбозӣ ва ба ихтиёри писараш гузаштани воситаҳои молии Қирғизистон соир раҳбарони кишварҳои минтақаро нигарон кардааст.

Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна тамоюли ба ихтиёри фарзандони раисони ҷумҳуриҳо гузаштани воситаҳо ва имконоти кишварҳо ба мушоҳида мерасад. Аммо таҳаввулоти Қирғизистон то ҷое раҳбаронро барои андешидан бар сари ин тамоюл водор кардааст.
XS
SM
MD
LG