Пайвандҳои дастрасӣ

Асароти ярч дар рустои Қалъаи Мақсуди ноҳияи Рашт


Лағзиши пораи кӯҳ дар деҳаи Қалъаи Мақсуди ноҳияи Рашт 13 қитъа заминро зер карда, 4 хонаводаро аз тарси тахриби манозилашон маҷбур ба тарки маҳалли зист кардааст. Ярч роҳи дастрасӣ ба оби ошомиданиро барои беш аз 50 хонаводаи сокини Қалъаи Мақсуд низ масдуд кардааст ва онҳо маҷбур шудаанд, аз масофаи 3 километр аз рӯди Сурхоб ваё аз маркази ноҳия барои худ об бикашонанд. Ярч ҷӯйбори ин русторо дар масофаи тақрибан 2 километр тахриб кардааст.Муҳаммадҷон Одинаев, танзимгари ҳолоти изтирории дафтари ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар ноҳияи Рашт мегӯяд, такрор шудани ҳамлаи ярч метавонад ҳатто боиси масдуд шудани шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол- марзи Қирғзистон шавад.
XS
SM
MD
LG