Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомҳо иҷозати вуруд ба зиндонҳои Русияро дарёфт карданд


Бар асоси қарордоди имзошуда миёни ФСИН, Хадамоти федеролии маҳбасот ва Шӯрои муфтиёни Русия, имомҳо низ ҳаққи дастрасӣ ба зиндонҳои Русия ва тамос бо маҳбусони мусалмонро пайдо мекунанд. Муфтии Русия Равил Ғайнуддин ин созишномаи рӯзи чоршанбе имзошударо як қадами бузург дар роҳи беҳбуди вазъи маҳбусони мусалмон дар Русия хонд. Раҳбари ФСИН Александр Реймер гуфт, дар зиндонҳои Русия ва асосан дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Тотористону Бошқирдистон алакай 40 масҷид ва ҳудуди 200 намозхона дуруст кардаанд, вале ниёз ба чунин таъсисот хеле бештар аст. Ӯ афзуд, қаблан ҳар зиндон ҷиҳати ҳамкорӣ бо ниҳодҳои мусалмонӣ мустақилона тасмим мегирифт, вале қарордоди ахир ин ҳамкориҳоро танзим хоҳад кард.
Муфтӣ Равил Ғайнуддин гуфт, чунин созишнома ҳанӯз дар авоили солҳои 90 таҳия шуда буд, вале имзо нашуд.
Калисои православии Русия дар зиндонҳои он кишвар хеле фаъол шудааст, ки ин дар миёни маҳбусони мусалмон бархе нороҳатиҳо эҷод мекунад.
XS
SM
MD
LG