Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъмоли муовини Лужковро таҳқиқ мекунанд


Додситонии Русия ба таҳқиқи парвандае шурӯъ кардааст, ки ноиби шаҳрдори Маскав Александр Рябинин дар он ба ришваситонӣ муттаҳам мешавад. Сухангӯи кумитаи тафтишотии додситонӣ Владимир Маркин гуфт, Рябинин дар моҳи декабр аз як ширкат дар ивази додани иҷозат ба як тарҳи сохтмонӣ як бинои тиҷориро ҳамчун ришва гирифта, ба номи духтараш сабт кардааст. Рябинини 51-сола дар шаҳрдории Маскав ба ҳайси муовини Юрий Лужков масъули қарордодҳои сармоягузориву тиҷорист. Ӯ дар моҳи март низ ба он муттаҳам шуда буд, ки як соҳибкорро маҷбур кардааст, то як сохтмони ғайримаскуниро дар Маскав ба исми духтари ӯ гузаронад. Вале он парванда ба далели камбуди далоил мутаваққиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG