Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчиши кӯҳпора дар Рашт 54 хонаводаро бе об монд


Бар асари фуромадани ярч дар деҳаи Қалъаи Мақсуди ноҳияи Рашт 54 хонавода бе оби ошомиданӣ монда ва чаҳор хонавода аз бими тахриб шудани манзилҳояшон маҳалли зист худро тарк кардаанд.

Кӯчиши кӯҳпора дар ин минтақа то кунун сенздаҳ қитъа заминро зер карда ва ба гуфтаи сокинони маҳал ин кӯҳ ҳамчунон дар ҳоли кӯчидан мебошад ва имкони зери он мондани заминҳои бештар ва манзили зисти мардум низ вуҷуд дорад.

Сокинони деҳаи Қаълаи Мақусд, акнун бо тай намудани се километр тавассути мошину хар роҳ оби ошомидании худро аз шаҳраки Ғарм ва ё аз рӯдхонаи Сурхоб таъмин мекунанд.

Аммо сокиноне, ки имкони аз ин роҳ кашонидани обро надорад, маҷбуранд аз оби ҷӯйбори олуда истифода кунанд. Бархе аз сокинони маҳал мегӯянд, ба далели кабуди оби пок аз сар задани бемориҳои сироятӣ нигаронанд.

Ярч канали ин деҳаро дар масофаи ду километр хароб карда ва киштзорҳои мардум низ аз беобӣ дар ҳолати хушкидан қарор доранд.

Гузориши хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақаи Рашт роҷеъ ба ҳодисаро ин ҷо метавонед бишавед:

XS
SM
MD
LG