Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамоиши байнулмилалии намояндагони порлумони кишварҳои узви Cозмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар Алмати доир гардид, вазъ дар Афғонистону Қирғизистон мавзӯъи калидӣ буд.

Дар оғози ҳамоиш Канат Савдобоев, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ва раиси феълии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо паёми Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури кишварашро қироат намуд. Дар он сарвари Қазоқистон изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамоиш дар ҳалли мушкилоти ин ду кишвар кӯмак хоҳад расонд.

Дар ҳамоиш гурӯҳи намояндагони ҳар ду маҷлиси порлумони Тоҷикистон низ ширкат доранд. Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи равобити байнулмилалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, баррасии масоили Афғонистон ва Қирғизистон дар ҷаласаи вижаи созмон имкон хоҳад дод, ки роҳои нави барқарории сулҳу субот ва оромӣ дар ин кишварҳо пайдо шавад. Ӯ гуфт, сулҳ дар Афғонистон натанҳо барои минтақа, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр зарур аст ва Тоҷикистон ҳам ҳамчун ҳамсояи ин давлат дар барқарории сулҳ талошҳое бар харҷ медиҳад.

Мирвайс Ёсинӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси поёнии порлумони Афғонистон, ҳангоми суханронӣ таъкид намуд, ки маводи мухаддир ва терроризм, ки дар Афғонистон мавҷуд аст, ду нуқтаи ба ҳам пайванданд. Зеро, террористон фаъолияти хешро аз маблағҳои маводи мухаддир идома медиҳанд.

Доктор Абдулло Абдулло, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон, ки сухангӯи дигари ҳамоиш буд, дар сӯҳбат бо Озодӣ мушкилоти Афғонистонро ҳамоно масъалаи марбут ба амният, заъфи раванди демократии кишвараш ва мушкилот дар сатҳи сиёсиву идорӣ арзёбӣ намуд. Доктор Абдулло таъкид кард, ки барои пешрафти кишвар ва барқарории сулҳу субот зарур аст, то дар кишвар баробарӣ ва волоияти қонун ҳоким гардида, мардум битавонанд дар идораи кишвар саҳми муносиб дошта бошанд.

Доктор Абдулло аз ҷомеаи байнулмилалӣ дархост намуд, ки барои баргузории интихоботи нави озоду демократии парлумонӣ дар Афғонистон дар соли равон мусоидат намоянд.

Марк Перрен де Бришамбо, дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, гуфт, барои ағлаби кишвархо суст ҷараён доштани раванди демократӣ ва фасод як бемориест.

Дар рӯзи дуввуми ҳамоиш қарора ст, ки вазъи Қирғизистон баррасӣ бигардад.
XS
SM
MD
LG