Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи задухӯрдҳо дар маркази Бангкок


Бар асари задухӯрди нерӯҳои амниятӣ ва ҷонибдорони мухолифин дар маркази шаҳри Бангкок, пойтахти Таиланд, ба иттилоъи хабаргузориҳо, аз се то панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин ҳодиса тақрибан 50 нафар, аз ҷумла, хабарнигорони телевизионҳои Таиланду Фаронса ва як генерал, ки ахиран бо мухолифин пайваста буд, ҷароҳат бардоштанд. Кормандони полис ва низомиён аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурданд.
Задухӯрдҳо рӯзи панҷшанбе, баъди он шурӯъ шуданд, ки артиш қароргоҳи мухолифин дар маркази Бангкокро иҳота кард ва талош намуд, ки ширкатдорони намоиши эътирозиро пароканда созад. Ҷонибдорони сарвазири пешин Таксин Шиноват аз авоили моҳи апрел ба ин сӯ истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG