Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон боз як ҳизб таъсис мешавад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, изҳор намуд, ки кишвараш барои низоми бисёрҳизбӣ омода аст. Зимни мулоқот бо кӯҳансолони шаҳри Дашогуз ӯ гуфт, ки ба парлумон амр кардааст, то тарҳи қонун дар бораи аҳзоби сиёсиро таҳия кунад. Ба ақидаи раисиҷумҳур, дуввумин ҳизби Туркманистон бояд ҳизби кишоварзӣ бошад. Шурӯъ аз соли 1991 дар Туркманистон фақат ҳизби ҳукмрони демократӣ фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG