Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳангоме, ки шавҳари Сабзагул ба муҳочират рафт, ӯ ҳамагӣ сӣ сол дошт. Акнун чаҳордаҳ сол аст, ки хонуми Сабзагул чархи рузгорро танҳо мегардонад, ба истилоҳ ҳам зан асту ҳам мард.

Бори аввал ӯ баъди 8 сол ба дидори ҳамсараш расид, вакте, ки ноновари хона ба дидани ӯву чаҳор фарзандаш омад. Аз ин дидорбинӣ як фарзанди дигар ба таваллуд шуд, ки то ҳол рӯи падарро надидааст, танҳо садояшро аз телефон шунидааст. Аз он замон шаш сол гузашт. Аммо падари хонадон дигар ёди ёру диёр накард ва зани муштипарро дар ростои мушкилоти камаршикан танҳо гузошт.

Сабзагул мегуяд: «Бемории дил шудам, хайр оилаи бемардака медонен тарбияи фарзандо душворай, фарзандҳо гӯшат намекунанд. Сиёсати мард дар оила дигарай. Баъди 4 моҳ 200 доллар фиристодаст. Ин пула барои шикамбошон сарф кунам ва ё бемории худам албата ман барои гушна намондани онҳо сарф мекунам….»

Имрӯз Сабзагул бо 5 фарзандаш дар яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ дорад. Ӯ барои фарзандонаш ҳам падар асту ҳам модар. Ягона тасаллии дилаш телефони мобил аст. Шавҳараш моҳе як бор занг мезанад, вале Сабзагул ҳамеша гӯш ба овози телефон аст, ки шояд занг мезанад ва аз бозгашташ хабар медиҳад.

"Замоне ошиқи мард, акнун ошиқи телефон"

Сабзагул мегӯяд ба телефони мобил меҳр бастааст, мисле ки ба шавҳараш меҳр баста буд. Вақте аз Прага бо ӯ дар тамос шудем, гӯширо баъди занги аввал бардошт ва гуфт гумон дошт ҳамсараш суроғаш кардааст.

Сабзагул аз ҳамсараш сирпосгузор аст, ки ҳамсараш ба хотири ӯву фарзандонаш роҳи мусофиратро пеш гирифт, аммо меафзояд, "бо як бурда нон ҳам мезистем, беҳтар буд, агар дар паҳлӯи мо мебуд. Ӯ мегӯяд дар хона дасти мард намерасад, фарзандонаш бузург шудаанд ва аз ҳарфи модар сарпечӣ мекунанд, бо ҳар баҳона ба мактаб намераванд.

"Кори рӯзгор ҳам камаршикан аст", мегӯяд Сабзагул, - борҳо шудааст, ки бо духтари 14 солааш халтаи 50 килограмаи гандумро бо машақат ба осиёб бурдаанд.

Сабзагаул яке аз даҳҳо ҳазор зани тоҷик аст, ки заҷри дуриву ғурбати азизонро мекашанд, ба чандин маризӣ гирифтор мешаванд, вале лаб зери дандон ин ҳамаро таҳаммул мекунанд.

Ба сурати умум, бахти Сабзагул баландӣ кардааст, ки ҳамсараш моҳе барои ӯву фарзандонаш 50 доллар мефиристад ва гаҳ гоҳе телефон мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷири корӣ зану фарзандро аз ёд мебарад ва дар кишварҳои дигар оилаи нав бунёд мекунад. Баъзе муҳоҷирон ҳамсарони худро аз тариқи телефон талоқ медиҳанд, бархи дигар ин амалро низ ба ҳамсар раво намедонанд.

Муҳоҷират арзишҳои хонаводагиро тағйир дод

Созмонҳои ғайридавлатӣ, ки бо масоили муҳоҷират сару кор доранд, теъдоди муҳоҷиронро наздики як миллион бароавард кардаанд. Ёздаҳ ҳазори ин теъдодро занҳо ташкил мекунанд. Омори ҳукуматӣ теъдоди муҳоҷиронро 600 ҳазор шумурдааст.

Вақте, ки муҳоҷирати корӣ ба хориҷ шурӯъ шуд, занҳо аз ин раванд ҳамчун имкони беҳбуди зиндаги истиқбол карданд ва наздикони худро барои сафар ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ, махсусан Русия таҳрик медоданд.

Аз як сӯ, муҳоҷирати корӣ миллионҳо оиларо аз гуруснагӣ ва фақру бенавоӣ раҳо кард. Аммо аз сӯи дигар, ҷудоиву ғурубати тулонӣ арзишҳое ҳамчун садоқат ба зану фарзанд ва падару модарро камранг кард.

Нигаронӣ аз саломти муҳоҷирон ва таъсири он ба хонавода

Ба гуфтаи коршиносон ва мутахассисон, нигаронӣ аз амнияти муҳоҷири корӣ мушкили дигарест, ки хонаводаҳоро ҳамеша дар ҳоли изтироб нигаҳ медорад ва баонҳо фишори равонӣ меорад.

Шамсиддин Қурбонов роҳбари пажӯҳишгоҳи илмӣ ва тадқиқотии геникологӣ ва перементологии Тоҷикистон мегӯяд, ки 80 дарсади оилаҳое, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират ҳастанд ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудаанд.

Ҷаноби Қурбонов аз фаъолияти ҳар рӯзаи хеш намуна меорад ва меафзояд, ин ҳолат, ки занҳои ҷавон солҳо бе шавҳар ва бахши маҳрамони зиндагӣ ба сар мебаранд, саломатии худро ба хатар рӯ ба рӯ мекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Оилаи солим аз даст додан сарвати миллатро аз даст додан аст. ВИЧ СПИД, сил,ҳамин бемориҳо муҳоҷирон оварданд. Ман як назария дорам. Бо васфи он ки муҳоҷир дар моҳе 500 доллар ё ҳазор долар мефиристад боз хисоротеро, ки ин раванд ба равон, ҷисм ва сохтори оилаи муҳоҷирон дорад, намешавад тавҷеҳ кард. Аксари занҳои ҷавон, ки дар сину соли репродуктивӣ ё қобили таваллуд кардан ҳастанд, аз бахши маҳрамонаи зиндагии худ маҳрум мешаванд ва ба маризиҳои наздик ба саратон гирифтор мешаванд. Наздики 80 дарсади модарони ҷавони мо имрӯз ҳамин бемориро доранд. Магар ин барои оилаҳои тоҷик даҳшат нест?»

Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, бояд ки муҳоҷирони кории тоҷик пеш аз сафар ба фарҳанги ташаккули ҳаёти солим фаро гирифта шаванд. Вагарна пояи ҷомеаро мо аз даст хоҳем дод.

Муҳоҷират боиси мушкили демографӣ

Моёншо Маҳмадбеков ходими илмии пажӯҳишгоҳи демографии назди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд, ки мардҳоро камбуди иқтисодӣ ба муҳоҷират маҷбур кардааст, аммо набояд аз ёд бурд, ки иқтисоди хуб бо тани сиҳат ва фазои ороми оила арзиш дорад.

Оғои Маҳмадбеков тавсия медиҳад, ки давлат барои боздиди муҳоҷир аз ватан, ҳади ақал як бор дар як сол, барномаҳои махсус таҳия кунад. Вагарна ин раванд на танҳо ба саломативу равони ҳамсари муҳоҷир, балки ба тарбияву ахлоқи бачаҳо низ таъсирӣ манфи дорад.

«Хоҳем, нахоҳем муҳоҷират ба сифат шакл ва сохтори аҳолӣ таъсир мерасонад. Асосан ҷавонҳо кишварро тарк мекунанд ва умдатан бебозгашт мераванд. Дар ноҳияҳое, ки шиддати муҳоҷират баланд аст, мо пурсишҳои иҷтимоӣ гузаронидем. Аз 500 оилае, ки мо пурсидем 8 дар сад гуфтанд, ки оилаи онҳо баъди муҳоҷирати ҳамсарҳояшон ба Русия аз ҳам пошидаст. Дар чунин ҳолатҳо фарзандон бе назорат мемонанд, ахлоқашон хуб рушд намекунад. Бар дӯши занон садҳо кори мардона мешавад, ки онҳо хоси мардон аст. Бо ин ҳол мо насли миллатро аз даст медиҳем».

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам Тоҷикистонро зарур аст, ки аз таҷрибаи Италия истифода барад. Солҳои рушди муҳоҷират дар Италия давлатмардони ин кишвар дарк карданд, ки ин раванд ба банду басти демографӣ таъсири манфӣ гузоштааст. Бо назардошти ин омил ҳукумати Италия муҳоҷиратро коҳиш дод ва барои фаъолияти шаҳрвандон дар дохили кишвар шароит фароҳам овард.

Муҳоҷир фулузӣ нест ва Тоҷикистон барнома надорад

Таҳлилгарон мегӯянд, албатта ҳукумат дар роҳи раҳоии кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ ба муҳоҷирон такя мекунад. Аммо давлатдорон набояд як нуктаро аз ёд бубаранд, ки равони инсон фулузӣ нест ва агар равнди муҳоҷирати корӣ бо ҳамин шакли идоранашаванда чанд соли дигар идома кунад, таъсири он ба генофонди миллӣ, ба сифати зеҳнии аҳолӣ ногузир хоҳад буд.

Маҳмудҷон Ализода муалифи чандин барномаҳои кор бо муҳоҷират мегӯяд, то ҳол дар Тоҷикистон роҷеъ ба таъсири муҳоҷират ба оилаҳо коре анҷом нашудааст. Дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар барои насли солиму оилаи солим даҳҳо барномаҳои давлати таҳия ва амали мешаванд.

Ӯ мегӯяд: «Ба назари ман аксарият мардуме, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, ҳатман маризие бо худ меоранд. Маризие, ки аз зиндагӣ дар иқлими сард пайдо мешавад. Ҳоло мо танҳо як чизро дида истодаем, муҳоҷират ба мо фоида дорад мардум нони хурданша меёбад. Аммо ба ин раванд ҳамроҳ шудани занҳо ба назари ман бояд мояи нигаронӣ бошад. Зан тарбиятгар аст, зан сутуни хона ва такягоҳи шавҳар аст. Вақте зан аз пайи нонёбиву муҳоҷират мешавад, сарнавишти бачҳо чӣ мешавад? Таъсири муҳоҷират аз ҳоло рушан аст, бубинед тудаи бачаҳои бепарасторро, ки дар кучаҳо мошин мешуянд ва халта мефурушанд. Ҳоло дар бораи он фарзандоне, ки бе падар, албата падарон дар муҳоҷират ҳастанд, калон шуда истодаанд, касе фикр намекунанд, дар бораи он ки занон кори мардонаро низ дар зиндагӣ дар душ доранд ҳам. Медонед ин зеҳнан ва ҷисман занонро чӣ хел шикаста мегардоанд?»

Маҳмудҷон Ализода меафзояд, ки зиёни муҳоҷират дар кӯтоҳмуддат назаррас нест, вале дар дарозмуддат хисоротеро ба думбол дорад, ки ҷиҳатҳои мусбати онро камранг хоҳад кард. Одитарин паёмад ин аст, ки фарзанди муҳоҷир ҳам дар рӯҳияи муҳоҷират бузург мешавад ва зеҳни ӯ дигар омузиши илму фановариро қабул надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG