Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳо дар шаҳрҳои бузурги Юнон


Шабонарӯзи гузашта дар ду шаҳри бузурги Юнон ду инфиҷор рӯх дод. Шоми панҷшанбе дар канори бинои маҳбас дар шаҳри Афина як бомб инфиҷор кард, ки бар асари он як зан ҷароҳат бардошт. Дар шаҳри Солоникӣ бошад, дар бинои додгоҳи шаҳр таркиш ба вуқӯъ пайваст ва аммо ба касе осеб нарасидааст. Полиси Юнон дар ташкили инфиҷорҳо гурӯҳҳои чапгарои кишварро айбдор мекунад, ки моҳҳои ахир, ба асари ташдиди авзоъ ва бӯҳрони молӣ дар кишвар, фаъолтар шудаанд.
XS
SM
MD
LG