Пайвандҳои дастрасӣ

Шабистон Саидова 16 сол боз дар бозори Ғарм ба тиҷорат сарукор дорад ва рӯзгори хонаводаашро аз ҳамин пеша пеш мебарад.

Мизи хонум Саидова пур аз нон ва шириниҳоест, ки ӯ шабона дар хона таҳия месозад ва субҳи барвақт онро ба бозор меоварад. Холаи Шабистон мегӯяд, дар шаб ҳамагӣ 2-3 соат хоб меравад. Бегоҳ пас аз анҷоми кори бозор барои рӯзи дигар дар хона хамир намуда, ҳанӯз субҳ нодамида, ба пухтани самбусаву нон ва шириниҳо шурӯъ мекунад.

Шабистон Саидова мегӯяд, дар замони Шӯравӣ аз занони фаъоле буд ва чанд дафъа дар маҷлиси ноҳиявӣ вакил интихоб гардида буд. Аммо бе ҷойи кор мондани шавҳараш ва каму кости зиндагӣ ӯро водор кард, то дар бозор ризқи худу фарзандонашро биҷӯяд.

Дар бозори Ғарм даҳҳо бонуи дигарро метавон дид, ки аксари онҳо аз ҷумлаи занони бесаробонеанд, ки бар асари ноосудагиҳои солҳои 90-ум шавҳарони худро аз даст додаанд.

Валъамат Баротова яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, маҳз тиҷорати маҳсулоти ширӣ ва нону самбусаву шириниҳо дар бозор барояш як василаи рӯзгузаронӣ гаштааст.

Шавҳари Ойимгул Соқиева чанд соли ахир аз маризии руҳӣ ранҷ мекашидааст ва барои ӯ ҳамагӣ 60 сомонӣ нафақа таъин шудааст, ки он ҳам ба як халта орд намерасад. Ойимгул, ки модари 5 фарзанд аст, гуфт, ба тиҷорати офтобпараст сарукор дорад ва ҳамарӯза то 20 км роҳро тай карда, аз як рустои дурдаст ба ин бозор меояд.

Аксари ин бонувони тоҷир аз он шикоят доранд, ки маъмурияти бозор ҳар лаҳза макони тиҷорати онҳоро иваз мекунад.

Ба иттилои мақомоти шуғли аҳолии ин минтақа, беш аз 80 дарсади бонувон дар рустоҳои ин минтақа бе ҷойи кор будаанд. Соҳибназарон мегӯянд, солҳои ахир ба далели азҳампошии хонаводаҳо ва муҳоҷирати мардон ба хориҷи кишвар шумори занони бесаробон дар минтақаи Рашт афзуда, дар баробари тарбияи фарзандон, таъмини хонаводаро низ бар души бисёре аз онҳо бор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG