Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти беш аз як моҳ аз суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон, ва барқарории оромии нисбӣ, ин кишвар дубора ба гирдоби нооромиҳо печидааст.

Паси ин ҳама ноамнӣ ва нооромиҳои Қирғизистон кӣ ва ё киҳо истодаанд? Авзои печида ва ноороми Қирғизистон ин кишварро ба ҷанги дохилӣ нахоҳад бурд?

Такрори ҷанги Тоҷикистон?

Бештари шореҳон ҳодисаи тасарруфи се вилоят дар ҷануби Қирғизистон аз сӯи ҷонибдорони Қурмонбек Боқиевро як иқдоми тарҳрезишуда меҳисобанд, ки то андозае рӯйдодҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992-ро такрор мекунад. Ин шореҳон мӯътақиданд, ки бурузи ихтилоф дар заминаи маҳал дар Қирғизистон имкон дорад субот дар ин кишварро то дергоҳе аз байн бибарад. Махсусан дар марҳалае, ки рақобати кишварҳои абарқудрате чун Амрико ва Русия дар минтақа бештар ошкор мешавад.

Комёб Ҷалилов, коршинос аз Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати муваққати Қирғизистон сарфи назар аз он ки аз сӯи Русия ва Амрико эътироф шуд, аммо бидуни он ки машруияти он дар дохил пазируфта шавад, даст ба иқдомоте зад, ки эътирози норозиёнро шиддат бахшид. Вале агар ин нооромӣ ҳарчӣ зудтар пешгирӣ нашавад, паёмадҳои сангине барои минтақа ба бор хоҳад овард.

Дасти Маскав?

Бархе аз коршиносон ва сиёсатмадорон аз роҳандозии бархурд ва муносиботи тозаи Русия дар қиболи кишварҳои Шӯравӣ сӯҳбат мекунанд. Бархе аз таҳлилгарон ва расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия ҳоло дар талоши таҳкими нуфузи худ дар ин қаламрав афтода ва ниятҳои худро барои дар меҳвари сиёсатҳои худ чархонидани ин кишварҳо ошкоро ба намоиш мегузорад. Ба эътиқоди ин коршиносон, ба хусус баъд аз интихоботи Украина, ки нафари мавриди назари Русия сари қудрат омад ва ҳодисаи сарнагунии ҳукумати Қурмонбек Боқиев, Гурҷистон ва Белорус таҳдидҳо аз сӯи Русияро бештар эҳсос мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, Русия дигар сиёсатҳои нави худ, ки кишварҳои Шӯравии пешин ва бахусус Осиёи Марказиро минтақаи манофеи худ меҳисобад, пинҳон намедорад ва паёми худро барои кишварҳои дигар низ расонидааст, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо Русия наметавонанд дар минтақа ҳузури тӯлонӣ дошта бошанд.

Ташаннуҷи авзоъ дар Қирғизистон боис шуд, раисҷумҳури Русия ҷиҳати контроли комили раванди ҳодиса генерали умури дохилӣ Владимир Рушайлоро намояндаи хоси худ барои Қирғизистон таъйин кунад. Коршиносон мегӯянд, суръати ҳаводис ба ҳаддест, ки Русияро сахт нигарон кардааст, вале, аз сӯи дигар, таъйини мақоми намояндаи вижа барои Қирғизистон метавонад ба ин маъно низ бошад, ки русҳо ба таври ҷиддӣ дар пайи таҳкими нуфузи худ дар минтақа шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG