Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари расмии Эрдуғон ба Юнон шурӯъ шуд


Имрӯз сафари расмии сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Юнон шурӯъ шуд. Интизор меравад, ки ин сафар даврони навро дар равобити миёни ду кишвар боз намояд. Эрдуғонро даҳ вазири кишвар ҳамроҳӣ мекунанд, ки дар нахустин нишасти шӯрои ҳамкориҳои дуҷониба ширкат хоҳанд дошт. Қабл аз сафар сарвазири Туркия изҳор намуд, ки кишвараш ба Юнон дар робита ба мушкилоти молияш ҳамдилӣ нишон хоҳад дод.
Туркия ва Юнон дар робита ба тақсими Қибрис ба бахшҳои туркиву юнонӣ ва оид ба марзҳои обӣ дар баҳри Эгей ихтилофи амиқ доранд.
XS
SM
MD
LG