Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афсари рус - тарғибгари фашизм


Додгоҳи низомии гарнизони Томски Русия як афсарро барои миёни сарбозон тарғиб намудани рамзҳову идеяҳои фашистӣ ҷарима кард. Тафтишот собит намуд, ки лейтенанти калон Евгений Халепчук сарбозонро ба бартарии қавми рус аз дигар миллатҳо мутмаин месохт ва идеологияи фошистиву рамзҳои ҳитлериро тарғиб мекард. Бо ҳукми додгоҳи низомӣ афсар 160 ҳазор рубли русӣ (тақрибан 5300 доллар) ҷарима шуд аз аз ҳаққи тайи панҷ соли оянда ишғол кардани курсие дар идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ маҳрум гардид.
XS
SM
MD
LG