Пайвандҳои дастрасӣ

Борону селхезии нав дар манотиқи Тоҷикистон


Дар шаҳраки Лолагии ноҳияи Файзобод бар асари сел як кӯдаки даҳсола ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи дафтари матбуоти кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, сел чандин манзили зист дар Файзободро қисман хароб кардааст. Бар асари боронгариҳои шадиди шоми рӯзи панҷшанбе 116 манзили зист дар деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус ҳам осеб диданд. Гуфта мешавад, ки 9 хона комилан ва 14 манзили дигар қисман тахриб шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мардуми манзилҳояшон осебдидаро дар масҷиди деҳа ва манзили хешовандонашон ҷойгир карданд.
XS
SM
MD
LG