Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба Қирғизистон намераванд


Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) нерӯҳои посдори сулҳро ба Қирғизистон ворид нахоҳад кард. Николай Бордюжа, Дабири кулли ин созмон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ки эътидоли авзоъ дар Қирғизистон – ин кори дохилии мақомоти кишвар аст. Ба гуфтаи Бордюжа, сарони кишварҳои узви Паймон дар нишасти ахири ғайрирасмӣ дар Маскав табдили ҳукумат дар Қирғизистонро ғайриконститутсионӣ хонданд. Ӯ афзуд, қариб ҳама раҳбарони кишварҳои узви СПАД аз раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко пуштибонӣ намуданд, ки ба раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар шаҳри Минск паноҳгоҳ додааст.
Ба Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG