Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии як мухолифи Чавес аз маҳбас


Додгоҳи Венесуэла дар бораи аз маҳбас раҳо кардани як тан аз мухолифини ҳукумат тасмим гирифт. Алварес Пас, собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳур, ҳукумати Уго Чавесро дар он муттаҳам карда буд, ки Венесуэларо ба паноҳгоҳи қочоқбарони маводи мухадир табдил кардааст. Ӯ ду моҳро дар зиндон сипарӣ намуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, додгоҳ ҳукм кардааст, ки Алварес Пас ҳаққи тарки Венесуэла ва сӯҳбат бо хабарнигоронро надорад. Аз ин пеш Алварес дар пахши иттилоъи бардурӯғ ва таҳрик барои ҷиноят айбдор шуда буд.
XS
SM
MD
LG