Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаи як ҷавони корҷӯ
Обид Каримов аз хурдӣ орзу дошт, то як кори масъули давлатӣ дошта бошад, дар тасмимгириҳои ҷиддиву сарнавиштсози кишвараш иштирок кунад ва саҳми худро дар пешрафти ҷомеа гузорад. Вале талошҳои вай баъди хатми донишгоҳ то имрӯз барои роҳ ёфтан ба сохторҳои давлатӣ натиҷа надод. Обидҷон мегӯяд, таҷрибаи вай нишон медиҳад, ки шахси тасодуфиву ноошно, ба қавле мутахассиси дипломдор аз кӯча, ба мақомот роҳ намеёбаду, ба қавли ӯ, як корҷӯи "бесоҳиб"-у «бевосита» дар сохторҳои давлатӣ набояд вақти худро беҳуда ба ин масъала сарф кунад. Вале, сахттар аз ин ҳама, ба гуфтаи Обидҷон, масъалаи маҳалпарастӣ аст, ки монеаи ҷиддии дигар барои ҷавонони соҳиблаёқат дар пайдо кардани кор мешавад.

Оғози маъракаи худидоракунӣ
Мақомоти вилояти Суғд маъракаи ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён дар иҷрои вазифаҳои давлатиро баргузор мекунанд ва онро ба хотири ҷалби ҷавонон ба мақомот ва баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо унвон мекунанд. Мирзотоҳир Набиев, мутахассиси шӯъбаи илм ва мактабҳои олӣ дар Суғд, мегӯяд, маъракаи ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён дар мансабҳои давлатии ҳукумати вилоят сар аз соли 2005 ба ин сӯ гузаронида мешавад ва дар чорабинии имсола 35 донишҷӯи курсҳои 3 ва 4 - уми донишгоҳҳои вилоят тӯли як ҳафта вазифаҳои муовинони раиси вилоят, сардори раёсатҳо ва мудирии бахшҳоро ба иҷро мерасонанд. Суоли он ки оё пас аз итмоми донишгоҳҳо чӣ теъдод аз иштирокчиёни ин барнома ба мақомот роҳ пайдо кардаанд, чунин посух гирифт – нафарони зиёд.

Таассуроти ширкатдори барнома
Маҳмудҷон Очилов, донишҷӯи ширкатдори ин чорабинӣ дар соли 2006, мегӯяд, баргузории ин маъракаҳо дар ҳолест, ки баъди як ҳафтаи он донишҷӯ ба таҳсили худ бармегардаду, дигар ҳама аз ӯ фаромӯш мекунанд. Ӯ мегӯяд, аз миёни ширкатдорони маъракаи худидоракунӣ касеро ҳам намедонад, ки баъди итмоми донишгоҳ ба мақомот роҳ ёфта бошад. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз мутахассисони ҷавон баъди хатми донишгоҳ кори хуб намеёбанд ва роҳ сӯи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Аммо Дилшод Аминов, як хатмкунандаи Донишгоҳи Хуҷанд, ташкили ингуна чорабиниҳоро барои донишҷӯён муҳим арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, аз иштирок дар ин гуна маъракаҳо бисёриҳо донишу маҳорати худро сайқал хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, аксари онҳое, ки имкон доранд, афзал мешуморанд, ки дар хориҷи кишвар таҳсил бикунанд. Расман, шумори муҳассилин аз Суғд дар Русия беш аз 150 нафар номида мешавад, вале дар асл ҷавонҳои зиёде ҳам ҳастанд, ки бо роҳҳои шахсӣ ба таҳсил рафтаанд ва аз ин омор берун мондаанд.

Шарҳи коршинос
Журналист Тилав Расулзода мегӯяд, як сабаби баста будани дарҳои мақомот ба рӯи ҷавонҳо он аст, ки дар курсиҳо аксаран калонсолон нишастаанд. Аз ҷониби дигар, мегӯяд оқои Расулзода, заъфи кори ниҳоди марбут ба ҷавонон аст, ки то кунун дар ин сохтор таъсиси як консепсия ва ё мактаби тарбияи кадрҳои ҷавон ба назар намерасад ва бидуни собиқаи корӣ роҳ пайдо кардани ҷавонон дар низоми давлатдорӣ мушкил будааст.

Коршиносон мегӯянд, бо ин вуҷуд сахттар аз ҳама мушкили ришват ва хешутаборбозӣ аст, ки барои ишғоли мансаб нақши бештар аз диплому донишро мебозидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG